Аввали моҳи феврал кормандони КҲФ дар дарёҳои Душанбе ва вилояти Суғд ду ҷасад -  мард ва занро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Дар мақомоти милитсия изҳор мекунанд, ки дар ҷаасадҳо аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашудааст.

Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд шахсияти занро, ки ҷасадаш дар Сирдарё байни қамишзор дарёфт шуд, муайян кардаанд. Ин Зайнура Каримоваи 31-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоят мебошад.

“Рӯзи 24 январ падари ҷавонзан ба шуъбаи маҳаллии милитсия муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки духтараш бедарак шудааст. Ба гуфтаи вай, ӯ аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Муфаттишон дар ҷасади ӯ ягон аломати муқовимат ё дигар осори марги маҷбуриро ошкор накарданд”, - зикр карданд дар Раёсати ВКД-и вилоят.

Дар ҳамин ҳол, ба савол дар бораи муайян шудани рӯзи дақиқи ҳалок шудан ва сабаби аслии марги зан посух гуфта натавонистанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло ин далелҳо таҳқиқ шуда, аз эҳтимол дур нест, ки ин худкушӣ аст, лекин аз сабабҳои марг ҳарф задан ҳоло барвақт аст. “Сабабҳои марги занро мақомоти салоҳиятдор ошкор мекунанд”, - гуфтанд дар Раёсат.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ хабар доданд, шахсияти марди аз чоҳи обрав дарёфтшуда дар Душанбе то ҳол муайян нашудааст.

“Дар ҷасади марди тақрибан 40-45-сола аломатҳои марги маҷбурӣ дида намешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба корҳои муайян кардани шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги мард идома медиҳанд”, - зикр карданд дар Вазорат.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.