Теъдоди қурбониёни селу обхезӣ дар минтақаи ҷанубу шарқи Туркия то 13 нафар расид.
Тавре ки шабакаи телевизионии Habertürk хабар медиҳад, боз чандин нафар бе ному нишон гум шудаанд.
Обхезӣ дар вилояти Шанлиурфаи Туркия, ки қаблан аз заминларзаҳои ахир осеб дида буд, борони шадидро ба бор овард. Дар оин ҷо беморхонаро об зер карда, машғулият дар мактабҳо боздошта шуд.
Боришот дар вилоятҳои Адияман ва Шанлиурфа рӯзи душанбе оғоз гардида, сатҳи он дар як метри мураббаъ то ба 200 мм расид. Дар натиҷа ба шаҳрҳо селу лойқа фаромад.
Гуфта мешавад, об ба ҳама чизи дар сари роҳаш буда осеб расонидаву бо худ мебарад - мошину дарахтон, биноҳои хурд ва ғайра. Имдодгарон ба ҷустуҷӯи одамон идома медиҳанд.