Дар пайи ҳодисаи сӯхтани як хонанда ҳангоми машқҳои пешгирикунандаи сӯхтор дар мактаби №67-и ноҳияи Сино, масъулини мактаб ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса рӯзи 6-уми май дар мактаби №67-и ноҳияи Синои Душанбе, дар ҷараёни гузаронидани машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагии изтирорӣ ба амал омадаааст.
“Аммо масъулини мактаб ва баргузоркунандагони ин машқ амнияти иштирокчиёну хонандагонро таъмин накардаанд. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат масъулини мактаб ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Дар робита ба он ки чӣ тавр сару либоси хонанда оташ гирифтааст, РВКД шарҳ дод, ки “оташ аз қуттиҳои картонӣ, ки барои тамрин оташ зада шуда буданд, ба хонанда расидааст”.
“Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми машқҳо қоидаҳои бехатарӣ риоя нашудаанд ва он боиси оташ гирифтани либоси хонанда гардидааст”, - таъкид кард манбаъ.
Ба гуфтаи масъули РВКД, ҳоло аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ин машқҳоро масъулини мактаб гузаронида, ба Кумита хабар надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки навори сӯхтори хонанда дар саҳни мактаб аввали ин ҳафта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва вокунишҳои зиёдро дар пай овард. Дар навор дида мешуд, ки писарбача бо либоси оташгирифта ба саҳни мактаб медавид ва нафарони гирду атрофи ӯ оташро хомӯш карда наметавонистанд. Ин хонада худаш либоси оташгтирифтаро аз тан баровард.
Тавре қаблан хабар дода шуд, хонандагони синфҳои болоӣ бо либоси изтирорӣ ҳозир буданд ва тибқи барнома, нақши наҷотдиҳандагонро иҷро мекарданд.