Дар деҳаи Басманда, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич як ҷавони 22-сола аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ аз ин ҷавони марҳум Алиёр Пулотов ном бурд ва гуфт, ҳодиса шаби 10-уми январ аз дуди бухорӣ дар хонаи хоби ҷавон рух додааст.
Ба гуфтаи наздикони марҳум, ҷасади ҷавонро нисфирӯзии 11-уми январи соли равон баъди экспертизаи тиббӣ-судӣ ба хок супурдаанд.
Алиёр ҳамагӣ 22 сол дошта, ба тозагӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ бо мақсади барпо кардани оила дар моҳи равон ба ватан баргашта буд.
Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон бо оқибатҳои марг мегардад.
Замистони соли гузашта чунин як ҳодиса дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух дода, марди 80-солае фавтида ҳамсараш заҳролуд шуда буд.
Инчунин, 19-феврали соли 2023 се ноболиғи 6-сола, 10-сола ва 13-сола дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтида буданд.
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Обуҳавои моҳи аввали зимистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста