Ҷустуҷӯи Сафияхон Раҳматова, духтараки 10-сола аз шаҳри Хуҷанд, ки ду ҳафта қабл бедарак шуд, идома дорад. Волидонаш мегӯянд, Сафияхон дар дарёи Сир ғарқ шудааст. Кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд ва субҳи имрӯз ба “Asia-Plus” гуфтанд, “дастур шудааст, ки ҷустуҷӯро ҷоннок кунанд ва духтаракро пайдо намоянд”.
Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. Дар навор дида мешавад, ки духтарак ба соҳили дарё меравад. Дигар аз ӯ дараке нест.
Имрӯз, 20-уми феврал, Мирзораҳим Абдуллоев, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд ба “Asia-Plus” гуфт, ки новобаста ба номусоидии ҳаво барои пайдо кардани духтараки бедаракшуда мутахассисони ботаҷриба ҷалб шудаанд ва ҷустуҷӯ идома дорад.
“Новобаста ба вазъи ҳаво, инак 14 рӯз мешавад, ки 8 ғаввос духтарчаи бедаракшударо ҷустуҷӯ доранд. Бориши барф албатта кори ғаввосонро душвор кард, аммо ҷустуҷӯ идома дорад. Ҳамчунин, супориш шудааст, ки духтаракро ҳарчи зудтар пайдо кунем, зеро атрофи ин қазия овозаҳои беасос бисёр мешаванд”, - гуфт Мирзораҳим Абдуллоев.
Қаблан Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти ин Ситод низ гуфта буд, ки то пайдо шудани духтараки бедаракшуда ҷустуҷӯро идома медиҳанд.
Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд гуфта буд, ки ғаввосони ин ниҳод бо назардошти эҳтимоли дар дарёи Сир ғарқ шудани Сафияхон, ҷустуҷӯро то сарҳади Ӯзбекистон идома додаанд, аммо духтаракро пайдо накардаанд.
Ҷамшед Кӯчаков гуфта буд, ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки духтарак дар дарёи Сир ғарқ нашуда бошад. Зеро ғайр аз навори ба соҳили дарё фаромадани духтарак, дигар далели ғарқ шудани ӯ дар даст нест.
Аммо волидони Сафияхон зикр мекунанд, ки духтарашон дар дарёи Сир ғарқ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова мақомоти дигар, аз ҷумла кормандони милитсия ва тафтишоти шаҳр ҳам ҳамроҳ шудаанд. Ҳамчунин, ихтиёриён ҳам духтараки гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд.
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё муштзанони тоҷик 5 медал гирифтанд
Вақти омаду рафти нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад. Насби лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 12 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста