Мақомот хабари пайдо шудани махлуқе, ки сокинон онро “ҷин” гумон кардаанд, беасос донист. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “ин хабар ягон асосӣ воқеӣ надорад ва бардурӯғ паҳн шудааст”.

Ӯ боздошти як марди африқоиро, ки баъзе саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд, тасдиқ ё рад накард. Танҳо гуфт, дар барномаи ВКД (манзур барномаи Ахбори ВКД аст, - редаксия) ҳамаашро нашр мекунем.

Бояд гуфт, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн шуд, ки дар онҳо гуфта мешавад, “ҷин” ба хонаи сокинони шаҳри Ваҳдат даромада, онҳо метарсондааст. Ба гуфтаи муаллифони навор, се-чор шаб ин махлуқ ба хонаи мардум даромада, ҳатто, занҳоро мезадааст.

Ин ҳолат мардумро ба таҳлука оварда, ҳатто корбарон навиштаанд, ки шабҳои охир сокинони минтақаҳои гуногуни шаҳри Ваҳдат навбатдорӣ ташкил кардаанд.

Акси Дании африқоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор шудааст

Баъдан боз ҳамин саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору аксҳоеро нашр карданд, ки дар он ду нафар бо либосҳои низомӣ як марди африқоиро боздошт карда, ба мошин мешинонанд.

Ҳамчунин, дар ин саҳифаҳои иҷтимоӣ акси ин марди африқоӣ низ нашр гардид.  Ба иттилои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, ин мард Дани ном дошта, шаҳрванди давлати Уганда будааст. Дар идома гуфта мешавад, ки “ҳангоми бозпурсӣ муайян шудааст, ки Дани аз гуруснагӣ маҷбур шудааст, ки шабҳо ба хонаҳои мардум барои дарёфти нон дарояд”.

Аммо мақомот то ҳол дар мавриди боздошти ин мард шарҳи расмӣ надодаанд. Маълум нест, ки ин африқоӣ чӣ гуна ба Тоҷикистон омада, виза дарёфт кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.