Ҳусния Кишварова, духтари 10-солаи сокини шаҳри Бохтар ду рӯзи пеш дар рӯдхонаи Вахш ғарқ шуда, бедарак гаштааст. То ҳол кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва пайвандонаш ҷасади духтарчаро ҷустуҷӯ доранд.
Меҳрона Кишварова, апаи духтари ғарқшуда дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки Ҳусния тахминан соати 15:00-и рӯзи 16-уми апрел дар ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, деҳаии Механизатор ба яке аз шохоби дарёи Вахш афтодааст.
“Хонаи мо канори рӯдхонаи Вахш аст. Хоҳарам ҳамроҳи ҷиянам, ки ҳарду ҳамсинф буданд, дар назди рӯдхона бозӣ доштаанд, ҳарду ба об меафтанд, ҷиянам аз об мебарояд, Ҳусния ғарқ мешавад. Ду рӯз боз тани беҷони ӯро мекобем”, нақл кард Меҳрона Кишварова.

Ӯ аз мақомоти масъул хоҳиш дорад, ки ҷустуҷӯро давом диҳанд ва аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати пайдо кардани ҷасад ба оилаи онҳо тавассути рақамҳои +992 00 188 77 41 иттилоъ диҳанд.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба мо гуфтанд, ки аз ҳодиса хабар доранд ва ҳоло наҷотдиҳандагони ин ниҳод дар ҷустуҷӯи ҷасади Меҳрона Кишварова ҳастанд.
Чанд муддат боз ҳодисаҳои ғарқ шудани кӯдакон дар обу дарёҳои кишвар зиёд расонаӣ мешавад. Махсусан, бо оғози мавсими гармӣ аксари наврасон ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо риоя накарда, ба ҳалокат мерасанд.
Бори охир 4 рӯзи пеш, рӯзи 14-уми апрел хабари дар ҳудуди деҳаи Сафедмуни ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод дар дарёи Шӯрак ба об ғарқ шудани ду писарбачаи 4 ва 6-сола расонаӣ гашта буд. Наҷотбахшон ҷасади онҳоро пайдо карда, ба пайвандонаш супориданд.
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
“Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад…” Абулқосим Фирдавсӣ кӣ буд ва оё аз “Шоҳнома”-и ӯ байте медонед?
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста