Дар пайи омадани сел ва сангрезаву фаромадани тармаҳо дар рӯзи гузашта, 29-уми апрел баъзе роҳҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар баста шуда, ба заминҳои кишти сокинон зарар расидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст, ки субҳи 29-уми апрел дар деҳаи Мулвоҷи ноҳияи Ишкошим сел омада, роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошимро бастааст. Сабаби омадани сел об шудани барфҳо дар пайи баланд шудани ҳарорати ҳаво гуфта мешавад.
Мақомот гуфтаанд, ки ҳоло ин роҳро поккорӣ доранд, вале маълум нест, ки он кай боз мегардад. Дар натиҷаи ин ҳодиса хисорот сабт нашудааст.
Ҳамчунин, КҲФ иттилоъ додааст, ки шоми рӯзи гузашта дар деҳаи Ғази ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Мастчоҳ дар пайи об шудани барф сел омада, ба 4 замини наздиҳавлӣ, 6 гектар заминҳои кишт, 10 бинои ёрирасон ва инчунин 400 метр роҳ зарар расонидааст.
Ин ниҳод гуфтааст, мақомот дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд ва зарари расидаро маълум мекунанд.
КҲФ дар идома аз рух додани як сангреза дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ хабар додааст, ки гуфта мешавад, шоми 29-уми апрел сабт шудааст. Ин ҳодиса боиси баста шудани роҳи Айнӣ-Панҷакент барои чанд соат шудааст.
Мақомот гуфтаанд, ки ҳоло роҳ барои ҳаракати яктарафа боз аст ва онҳо талош доранд, ки ҷодаро пурра тоза кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, инчунин, хабар додааст, ки шаби гузашта дар дар километри 106-уми роҳи мошингарди Рӯшон-дарёи Бартанг дар ҳудуди ҷамоати Савноби ноҳияи Рӯшон дар натиҷаи гарм шудани ҳаво тарма омада, ин масирро бастааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки корҳо барои тоза кардани роҳи мазкур идома дорад, аммо дақиқ нест, ки он кай боз мегард.
Дар пайи гарм шудани ҳаво, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки хатари омадани сел то чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад. Ин ниҳод аз аҳолӣ хост, ки ин рӯзҳо аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, чорвочаронӣ ва чидани гиёҳҳои доруӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин, Кумита аз ронандагон хостааст, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор кунанд ва суръатро боло набурда, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. боэҳтиёт бошанд.
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста