Ҳангоми насби оина дар бинои баландошёнае дар Душанбе чор мард афтода, ду тани онҳо ба ҳалокат расидаанд. Ду нафари дигар ба беморхона қарор доранд.
Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, ҳодиса дар маҳаллаи Бофандаи пойтахт рух додааст.
Манбаъ гуфт, ки се нафари онҳо сокинони шаҳри Ҳисор ва як каси дигар истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт мебошад.
"Қурбониёни фоҷиа ду марди яке 21 ва дигаре 37 сола мебошанд. Ду шахсе, ки дар беморхона қарор доранд яке 25 ва дигаре 41 сола ҳастанд. Як нафари онҳо дар беморхонаи "Шифобахш" ва дигар нафар дар Беморхонаи шаҳрии рақами 3 интиқол ёфтанд",-гуфтанд дар Раёсати ҚҲФ.
Дар ин ниҳод иброз доштанд, ки айни ҳол таҳқиқи сабабҳои ҳодиса идома дорад.
Маълум нест, ки онҳо кай ва аз чандум ошёна ба замин афтидаанд.
Дар ҳамин ҳол, охири ҳафтаи гузашта, дар рӯзҳои истироҳатӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки гуфта мешуд, чанд нафар аз бинои баландошёна ба замин афтоад, ду нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Дар навор зикр мешавад, ки мардҳо дар ошёнаи шашуми бинои 18-ошёна зимни насби оина ба замин сарозер шудаанд.

Бори аввал нест, ки сокинони зимни сохтмони биноҳо аз ҳодисаҳои нохуш ба ҳалокат мерасанд. Қаблан бар асари афтодани девори атрофи манзили сохташуда се кӯдак ба ҳалокат расида буданд.
Ҳодиса дар маҳаллаи кӯчаи Ҳабибулло Назаров рух додааст, ки дар он корхонаи “ДСК Тоҷикистон” сохтмонро анҷом додааст. Масъулини ширкат гуфтанд, деворе, ки кӯдакон дар зери он ҷон доданд, ба онҳо тааллуқ надошт.
Додситонии ноҳияи И.Сомонии пойтахт аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, чанд тан аз кормандони ширкати “ДСK Тоҷикистон”-ро боздошт карда буд.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста