Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия хисороти ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус сити ҳолл”-и Маскавро 6 миллиард рубл ҳисоб кард.

Раиси Кумитаи тафтишотӣ рӯзи 20-уми май дар як форум дар Санкт-Петербург гуфт, ки теъдоди ҷабрдидаҳои ҳамлаи "Крокус" 2 ҳазору 307 танро ташкил медиҳад. Қаблан ин рақам 1 ҳазору 700 нафар эълон шуда буд.

Бастрикин афзуд, дар пайи амалиёти мақомоти Русия дар умум дар доираи ин парванда 19 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Моҳи майи соли 2024 ХБФ-и Русия аз боздошти 20 нафар хабар дода буд. Дертар худи Бастрикин эълом карда буд, ки дар иртибот ба ин ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Бастрикин таъкид кард, ки кори азими тафтишотӣ анҷом дода шудааст ва дар ҷараёни тафтишот умуман 300 маротиба корҳои назоратӣ ва 2500 санҷиши додгоҳӣ гузаронида шудааст.

Александр Бастрикин
Акс аз Хадамоти матбуоти президенти Русия

Раиси Кумитаи тафтишотӣ хабар дод, ки парвандаи ҷиноии марбут ба ин ҳодиса 500 ҷилдро ташкил додааст ва ба зудӣ ин парванда ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки нимаи моҳи июни соли равон додгоҳе дар шаҳри Маскав ба баррасии парвандаи ҳамла ба “Крокуси сити ҳол” оғоз мекунад.

Ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 рух дод ва дар ҷараёни ин ҳамла, ба иттилои расмӣ, 146 тан кушта ва 551 каси дигар захмӣ шуданд. Дар пайи ин ҳамла чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳам боздошт шуд.

Мақомоти тафтишотӣ баён мекунанд, ки иҷрокунандагони асосии ин ҳамла тарафдорони Шохаи Хуросони ташкилоти "Давлати исломӣ"* мебошанд, ки гӯё бо фармоиши Украина ин амалро анҷом додаанд. Ҷониби Украина чунин иттиҳомро қатъиян рад карда, онҳоро комилан беасос эълон кардааст.

Санҷидани дурустии ҳамаи иддаоҳои мақомоти рус тавассути манбаъҳои мустақил ғайриимкон аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳамон оғоз аз усулҳои боздошт ва бозҷӯии гумонбарон сахт интиқод карда, онҳоро “шиканҷаи намоишӣ” низ номидаанд.

Чаҳор гумонбарии аслии  боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд. Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Гумонбаршудагон ба амали террористӣ дар "Крокус" - шаҳрвандони Тоҷикистон дарҳол пас аз боздошт
Коллажи Reuters

Ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, дастгиршудагон муҳоҷирони корӣ мебошанд, ки таҳти шиканҷаҳои бераҳмона метавонистанд кори нокардашонро низ ба гардан бигиранд.

Баъд аз ҳамла ба "Крокус" мақомот дар Русия сиёсати муҳоҷиратро сахт карда, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору фаъолияти озоди коргарони хориҷиро ба роҳ мондаанд. Ин тағйирот ба таври ҷиддӣ бар ҳолати ҳазорон муҳоҷири корӣ дар Русия таъсири манфӣ расонидааст.

Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳо ба шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

*Дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.