Дирӯз, 21-уми май, аз обҳои кишвар ҷасади ду нафар пайдо гардидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод,  субҳи 22-юми май, ҷасади сокини 7-солаи кӯчаи Ваҳдати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш пайдо шудааст. Ӯ нисфирӯзии 15-уми май ҳангоми гирифтани об аз ҷӯйбори назди хонаашон ба об афтода ва ғарқ гардидааст. Ҷасади ин ноболиғ тақрибан 400 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт ва ба волидонаш супурда шудааст.

Ҳамчунин, ба навиштаи КҲФ, дирӯз, дар шаҳри Турсунзода ҷасади як марди 41-сола аз канали Шайх Музаффари деҳаи Қаратоғ ёфт ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шудааст. Ӯ сокини ҳамин деҳа буда, ҳангоми нӯшидани об дар ҳолати мастӣ дар ҷӯйбор ба об афтодааст.

Ҷузъиёти бештари ин воқеаҳо маълум нест.

Бояд гуфт, бо оғози мавсими гармӣ ҳодисаҳои ғарқ шудани одамон дар обу дарёҳои кишвар зиёд расонаӣ мешавад.

Тибқи иттилои КҲФ танҳо соли 2024 дар обанборҳои Тоҷикистон 179 нафар ғарқ шуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар 25%-и ҳолатҳо одамон бо сабаби беэҳтиётӣ ва дар 19%-и ҳолатҳо - дар робита ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар обанборҳо ҳалок шудаанд.

Дар 12%-и ҳолатҳо сабабҳои ғарқшавӣ номаълум буда, дар 9%-и ҳолатҳо одамон бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ғарқ шудаанд, 9%-и ҳолатҳо ба фориғболиву хунукназарии волидон, 5% - дар робита ба худкушӣ даст задан ва 2% - дар натиҷаи мастӣ аз машрубот марбутанд.

Дар робита ба ин, КҲФ аз сокинон пайваста даъват мекунад, ки дар мавсими гармӣ кӯдакону наврасонро бе назорат нагузоранд ва эҳтиёткор бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.