Дирӯз, 22-юми май, ҷасади шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар роҳ ба самти Русия дар қаламрави Қазоқистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ба ҳалокат расиданд, ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии тоҷикон дар Қазоқистон, дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки мошини ҷасадбар бегоҳии дирӯз аз вилояти Қустанайи Қазоқистон ба самти Тоҷикистон роҳсипор шудааст.
“Шаш ҷасадро мо шуштем, кафан кардем, дар тобут ҷо кардем ва бо мошине, ки дар бағоҷаш дастгоҳи сардкунӣ дорад (рефрижератор), Тоҷикистон равон кардем”, - гуфт Исмоилов.
Ин ҷасадҳо аз ҳисоби маблағи фонди Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карда шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҷасади муҳоҷирон то се рӯз ба зодгоҳашон мерасад.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи бархӯрди мошини “Форд Транзит” бо як воситаи нақлиёти боркаши тамғаи DAF, ки рӯзи 20-уми май рух дод, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд:
- Назрулло Боқиев, 24 сола;
- Маҳмадюнус Аминзода, 33 сола;
- Файзиддин Солеҳзода, 35 сола;
- Аҳтам Каримов, 36 сола;
- Бахтигул Боқиева, 40-сола;
- Юсуф Солеҳов, 67 сола;
Ба иттилои дастрас, ронандаи “Форд Транзит” дар ҷараёни тафтишот эътироф намудааст, ки садама бо гуноҳи ӯ рух додааст - ӯро ҳангоми ронандагӣ хоб бурдааст.
Ҳамаи қурбониёни ин ҳодиса сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳастанд ва ҷасадашонро дар зодгоҳашон ба хок месупоранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар қиммат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо, тарҷеҳ медиҳанд, ки ба воситаи нақлиёти заминӣ ба Русия сафар кунанд. Ин ҳодиса на аввалин маврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар масири роҳ ба сӯи Русия қурбони ҳодисаҳои фоҷиабор мегарданд.
Аз Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар панҷ моҳи соли 2025, бо шумули 6 фавтидаи охир, 36 тан муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Қазоқистон ба ҳалокат расида, ҷасадашон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
Ба иттилои ин Марказ, дар соли 2024 ҷасади 60 муҳоҷири тоҷик аз қаламрави Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Ба Тоҷикистон гармии шадид меояд. Дар ин рӯзҳо дар хона будан беҳтар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста