Дар сӯхтори тарабхонаи “Яккасарой (Family)” ё собиқ “Темурмалик”, ки шоми дирӯз, 19-уми июн ба вуқӯъ омад, касе осеб надидааст, вале ба назар мерасад, ки тарабхона пурра ба коми оташ рафтааст.
Масоҳати тарабхонаи сеошёна, ки дар маҷмуъ, 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ду ошёнаи болоии он пурра сухта нобуд шудааст. Маълум нест, ки чанд дарсади тарабхона аз сухтор эмин мондааст.
Хабарнигори “Азия-Плюс” субҳи имрӯз, 20-уми июн ба ҷои ҳодиса рафт ва шоҳиди корҳои бартарафкунии сӯхтор шуд. Аз масъулини тарабхона касе нахост дар робита ба ҳодиса суҳбат кунад.
Аз Раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ҳам нахостанд дар бораи сабабу омилҳои сӯхтор ва ҳаҷми зарари он суҳбат кунанд.
Вале як масъули бахши шаҳрии Раёсати оташнишонӣ, ки дар ҷойи ҳодиса буд, дар суҳбати бидуни сабт гуфт, “сухтор аз ангишти сӯхтаи шашликпазҳо, ки дар пеши ҳезумҳо партофтаанд, сар задааст”.
Ин корманд овозаи кафидани газ дар тарабхона ва дар пайи он сар задани сӯхторро рад карда афзуд, ки “агар газ мекафид ҳодиса тамоман ранги дигар мегирифт”.
Ба гуфтаи вай, дар пайи сухтор талофоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Тарабхонае, ки президент ифтитоҳ карда буд
Тарабхонаи собиқ “Темурмалик”, ки ҳоло номашро ба “Яккасарой” (Family) иваз кардааст, 2-юми апрели соли 2019 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ифтитоҳ гардида буд.
Он аз се ошёна иборат буда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ ҳамчун киштӣ сохта шудааст. Дар таҳхонаи он қаҳвахона бо 100 ҷой, дар ошёнаи якум тарабхона бо 200 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм майдончаи тобистона сохта шудааст.

Ин тарабхона дар сатҳи вилоят маъмул ва дар шаш соли мавҷудияташ яке аз маконҳои серталаби сокинон дар баргузории тую маъракаҳо ба ҳисоб мерафт.
Тарабхона қаблан, ба Абдурасул Раҷабов, роҳбари ҶДММ “Абдурашид” рабт дошт ва ба хотири гиромидошти қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик номгузорӣ шуда буд. Гуфта мешавад, ки баъдан онро роҳбари шабакаи тарабхонаҳои “Яккасарой” харидорӣ намуда, тағйири ном кард.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста