Дар коргоҳи ҳайкалтарошии Академияи рассомӣ (мусаввирӣ)-и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, ба як қисми дохили бино ва боми он зарар расонидааст. Ин ҳодиса шоми 10-уми август рух дода, оташсӯзи 70 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Дар ин бора аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, сӯхтор ҳоло хомӯш шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса, ба гуфтаи ин ниҳод, касе осеб надидааст.

“Ба оташнишонҳо муяссар шуд, ки ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор як қисми молу маҳсулотро дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз оташ эмин нигоҳ доранд”, - гуфтанд аз Раёсати мазкур.

Ба гуфтаи манбаъ, хисорот ва сабаби сӯхтор аз ҷониби мутахассисони соҳа муайян мешавад.

Шаби гузашта навори сӯхтор дар коргоҳи ҳайкалтарошии Академияи рассомии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд.

Кӯшишҳои "Азия-Плюс" барои тамос бо роҳбарияти академия барои шарҳи бештари ҳодиса бенатиҷа анҷомид. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар шаш моҳи охир дар кишвар 564 ҳодисаи сӯхтор сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 33 ҳолат бештар будааст. Дар натиҷаи ин сӯхторҳо, 14 нафар, аз ҷумла, 6 ноболиғ фавтида, ба иқтисоди кишвар 15 миллиону 662 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.