Шаби гузашта дар бозори "Гулистон"-и ҷамоати Матлуботи шаҳри Панҷакент, ки бо номи "латтабозор" маъруф аст, сӯхтор сар задааст.
Аз Шӯъбаи оташнишонии ин шаҳр ба “Азия-Плюс” гуфтанд, оташсӯзӣ худуди соати 22:10 рӯзи 12-уми ноябр аз даромадгоҳи бозор оғоз шуда, масоҳати 600 метри мураббаъро фаро гирифта, соати 2:30 рӯзи 13-уми ноябр хомӯш карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаи Инстаграм навишт, ки дар бораи сӯхтор тахминан соати 22:33 хабар гирифта, барои хомӯш кардани он 7 нақлиёти оташнишонӣ ва 4 нақлиёти обкашонии муассисаи зертобеаш дар шаҳри Панҷакентро бо 87 ҳайати шахсӣ сафарбар кардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, алангаи оташ дар масоҳати 792 метри мураба доман густурда, соати 02:30 дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шудааст.
“Дар вақти азназаргузаронӣ ҷойи ҳодиса муайян карда шуд, ки 280 нуқтаи фурӯши савдо дар зери соябонҳо қарор дошта ва 20 мағозаҳое, ки дар ҳамшафати бозор ба фурӯши молу ашёҳои рӯзғор ва либоса машғул буданд, сӯхта зарар диданд. Аз коми оташ тақрибан ба маблағи 27 миллион сомонӣ молу амволи бозори мазкур ва манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ наҷот дода шуд”, - навиштааст Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон.
Ба навиштаи ин ниҳод, ҳоло сабаби сӯхтор таҳқиқ мешавад.
Бояд зикр кард, ки солҳои пеш ҳам дар бозорҳои кишвар сӯхтор сар зада буд ва дар аксар ҳолат, мақомот сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо гуфта буданд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.



Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста