Маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли барқ дар кишвар боиси сар задани сӯхтор дар манзили истиқоматии як сокини ноҳияи Деваштичи Суғд шудааст. Зарари оташгирӣ 41 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Ёрибеки Ҷонибек, сардори идораи сӯхторнишонии ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфт, ҳодиса 26-уми ноябр дар манзили Фаррух Рустамов, сокини 44-сола деҳаи Эшонқурғон, ҷамоати Ғазантараки ин ноҳия рух додааст.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби оташгирӣ маҳдудияти интиқоли барқ будааст
“Одатан барқ соати 17:00 дода мешуд, вале рӯзи ҳодиса барқ соати 15:00 пайваст шудааст. Сӯхтор бо сабаби нодуруст пайваст кардани ноқилҳои барқӣ аз дарвозахона сар задааст”, - гуфт вай.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор 125 метри мураббаъро фаро гирифта, зарари он 41 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.
Сӯхтори манзил дар пайи маҳдудияти барқ дар ҳолест, ки дар кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст, вале вақту соати он то ҳол маълум нест.
Аз ин рӯ, сокинон аз ҳолатҳои бе нақшаи муайян омадану қатъ шудани барқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин ҳолат боиси аз кор мондани техникаҳои барқӣ ва гоҳо сӯхтор мегардад.
Муфассал дар бораи маҳдудияти барқ дар кишвар, тартиби таъмини он ва талаби мақомот аз сокинон дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед: “Барқро дар як вақт аз 5 кВт зиёд истифода накунед”. Ҷузъиёти қарори расман ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар
Тибқи иттилои расмӣ дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 985 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар ин ҳодисаҳо 17 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Зарари молии расида ба амволи давлатӣ ва шаҳрвандон 23 миллиону 360 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.





Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста