Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмиву ҳоло дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Камол Валиев, устоди Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳодиса тахминан соати 20:00 –и рӯзи 11-уми январ дар яке аз марказҳои бозии компютерӣ рух додааст.
“Муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ сар задааст, ки дар натиҷа ба дили Муҳаммадалӣ яке аз наврасон корд задааст. Ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст, ҳатто то беморхона рафтан фурсат надошт. Кордча дар тарафи дилаш 12 сантиметр даромадааст”,-гуфт устоди варзишгар.
Ба гуфтаи Валиев, падари Муҳаммадалӣ, баъди шунидани марги писараш имрӯз, 12-уми январ, аз Русия ба Тоҷикистон омадааст.
Ҷанозаи Саъдуллоев имрӯз вақти намози пешин дар шаҳраки 10-уми шаҳри Кӯлоб хонда шуда, ҷасадашро ба хок супурданд.
Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳодисаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, дар пайи он ҳамчунин, ду нафари дигар захмӣ шуда, ҳоло дар беморхона бистарианд. Вале нагуфтанд, ки дар пайванд ба ин ҳодиса чанд нафар боздошт шудааст.
Мақомоти қудратӣ то ба ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд. Аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон гуфтанд, “дертар ин ҳодисаро шарҳ медиҳем”.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ менависад, ки дар пайванд ба ин ҳодиса бо иттиҳоми "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ду гумонбар боздошт шудаанд ва тафтиши парванда идома дорад.
Бояд гуфт, навори муноқишаи гуруҳе аз наврасон нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар ин навор иштироки дастикам 7 наврас дида мешавад. Дар пайи занозанӣ яке аз онҳо захмӣ шуда, ба замин меафтад.
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар соли 2024 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон дар ин риштаро ба даст овардааст. Тибқи маълумоте, ки дар шиносномаи варзишгар дарҷ шудааст ӯ мутаваллиди соли 2010 будааст, аммо дар як ҳуҷҷати дигари тасдиқкунанда, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, соли таваллуди Муҳаммадалӣ 2007 навишта шудааст.
Камол Валиев гуфт, ки дар робита ба гуногун будани соли таваллуди шогирдаш маълумоти дақиқ надорад ва хонаводааш, ки огоҳанд, “дар ин вазъ сӯҳбат карда наметавонанд”.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати кушта шудани ноболиғон дар пайи задухӯрди гуруҳӣ нест. Моҳи ноябри соли гузашта дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста