Як модари ҷавон бо ду кӯдаки хурдсолаш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз дуди ангишт заҳролуд шуда, духтари чорсолаашро аз даст додааст. Дар ин бора Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба "Азия-плюс" хабар дод.
Ин ҳодиса шаби 7 ба 8-уми январ дар деҳаи Кумарғи ин ноҳия рух дода, дар пайи он, Анорҷони Муллобоқӣ, сокини 28-солаи ин деҳа бо писари 6-сола ва духтари 4-солааш заҳролуд шудаву аз ҳуш рафтаанд.
Ҳарсеи онҳо ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ёфта, дар он ҷо духтарчаи чорсола вафот кардааст. Модар бо писари хурдсолаш рухсат шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин аввалин ҳодисаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар вилояти Суғд дар соли 2026 аст. Соли гузашта, ба қавли Ҳамдамов, дар ҳудуди ин вилоят чунин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.
Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон дар пайи норасоии барқ, хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт ва таппак гарм мекунанд. Дар баъзе маврид ба гуфтаи мақомот, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавӣ ва марги сокинон мегардад. Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисиданд.
Аз ҷумла, моҳи гузашта дар ноҳияи Рашт як зану шаҳвари 18 ва 25-сола дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон дода буданд. Ҳамчунин, моҳи феврали соли 2024 шаш узви як хонавода бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ё оксиди карбон дар Душанбе ба ҳалокат расида буданд.
Дар бораи тавсияҳои КҲФ ҳангоми заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар маводи мо шинос шавед: “Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?





Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”
“Аксарият дар Русия боздошт шудаанд”. Соли 2025 беш аз 2600 ҷинояткори таҳти пайгард дастгир шудаанд
Ӯзбекистон қариб тамоми ҳаҷми ангишти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2025 харид
“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд
Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд
Посухи сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба шикояти тоҷир ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистон
“Ғорати маблағи хонавода”. Раиси Додгоҳи олӣ ангеза ва тафсилоти куштори модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакиро гуфт
“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд
Тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026
Аз фаъолият бозмондани қариб 90 корхонаи саноатӣ дар кишвар. Далели манъи кори онҳо чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста