Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар минтақаи шимоли кишвар ҷавондухтареро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷиноят соатҳои 10-и шаб дар Хуҷанд содир шудааст.

«Ҷавондухтари 28-сола аз назди мактаби рақами 30 гузашта, ба хонааш мерафт ва дар он ҷо се нафар ҷавонон ба ӯ ба хушомадгӯӣ пардохтанд, - изҳор дошт манбаъ. - Вале ба мақсад нарасида, ба латукӯби ӯ оғоз карданд ва ба номусаш таҷовуз намуда, сипас ӯро зинда ба зинда сӯзониданд ва аз ҷои ҳодиса ғайб заданд».

Ба туфайли амалиёти фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дере нагузашта гумонбаршудагони содир намудани ҷинояти ваҳшиёна дастгир карда шуданд. «Ҳамаи онҳо сокинони шаҳри Хуҷанд буда, қаблан доғи судӣ доранд», - афзуд сарчашма. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.