Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Кӯлоб чанде қабл кормандони намояндагии Вазорати рушди байнулмилалии Британия (
DFID
) дар Тоҷикистон бо мири шаҳр Ҳамид Абдуллоев, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма вохӯриву мулоқот доир намуданд.
Роҳбари намояндагӣ Дилан Виндер (
Dylan
Winder
) изҳор дошт, ки тайи се сол
DFID
барои амалисозии лоиҳаи рушди фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси 10 маркази дастгирии ҳуқуқии «Арбитраж» 1 млн. 303 ҳазор фунт стерлинг маблағгузорӣ кард.
«Маблағҳои мазкур беҳуда сарф нашуданд, - гуфт ӯ. - Аз 1-уми апрели соли 2008 дар ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» амал мекунад ва марказҳо 1500 баҳсҳоро бидуни дахолати додгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ризоияти тарафайн ҳал карданд».
Мавсуф ҳамзамон зикр кард, ки минбаъд низ фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби намояндагӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт ва дар буҷаи панҷсолаи
DFID
ба рушди хоҷагиҳои деҳот ва бахши хусусӣ низ афзалият дода мешавад.
Д.Виндер таъкид сохт, ки агар дар маҳалҳо мардум ба воситаҳои дигари ҳалли баҳсҳо ҷуз додгоҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне судҳои ҳакамӣ дастрасӣ надошта бошанд, амалисозии лоиҳаҳои номбурда хеле мушкил мегардад. «Бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» гуфтан мумкин аст, ки мақомоти давлатӣ низ бо он сарукор хоҳанд гирифт, - афзуд ӯ. - Аз ин рӯ, ҷиҳати барқарор сохтани робита бо онҳо ва дигар созмонҳои байнулмилалии марбута кӯшиш ба харҷ хоҳем дод».



Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста