Кӯлоб. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Додгоҳи вилояти Хатлон (минтақавӣ) таҳти раёсати судя Амирхон Шарипов сокини деҳаи Ғарибдараи ноҳияи Мӯъминобод Тӯрахон Исҳоқовро ба ҳабси якумра маҳкум намуд. Додситон ва муфаттиши додситонии минтақавии Кӯлоб Ғазалшо Мазориев иттилоъ дод, ки маҳкумшуда дар содир намудани ҷиноёт тибқи моддаҳои 120 (таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), 164 (монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ), 174 (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ), 117 қ.2 (азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ) ва 138-и Кодекси ҷиноии ҶТ (таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста шудааст.

Ба гуфтаи додситон, Т.Исҳоқов ду нафар духтарони ноболиғро, ки ба ӯ хешӣ доштанд, ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур карда, мунтазам онҳоро лату кӯб мекард ва ба мактаб рафтанашон монеъ мегардид. «Нисбат ба ин далел додситонии минтақавии Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишот бурд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки додгоҳ ҳамаи далелу бурҳону айбдоркуниро пурра дастгирӣ карда, гумонбаршударо ба мӯҳлати дархостнамудаи ҷониби айбдоркунанда аз озодӣ маҳрум сохт.