Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Таҳти роҳбарии вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев ҳайати ин вазорат нимаи дуввуми имрӯз вориди Хуҷанд шуд.

Сардори дафтари матбуоти вазорат Маҳмадулло Асадуллоев тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамтои худро дар фурудгоҳ вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов пешвоз гирифт.

«Тибқи мувофиқаи қаблан ҳосилшуда, рӯзҳои 8-9-уми август дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи муштараки ҳайати мушовараи вазоратҳои кишварҳо баргузор мегардад», - изҳор дошт манбаъ.

Ба иттилои сарчашма, роҳбарони вазоратҳо масоили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони тоҷикро, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, муҳокима хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар рӯзномаи ҷаласаи ҳайати мушовара баррасии масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир дар назар аст. Дар ҷаласа имзои ду созишномаи байниидоравӣ оид ба масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва ҷ усту ҷӯву ошкор кардани ҷ инояткорони дар таҳти пайгард дар ин ду кишвар қарор дошта ва ҳамчунин пайдо кардани нафарони бедарак гумшуда дар назар аст.

Ба ҳайати Русия ба ҷуз вазир ҳамчунин муовини ӯ Аркадий Еделев, котиб ва мушовир Николай Овчинников, директори Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Ромадановский, сардори кумитаи тафтишотии назди Вазорати умури дохилии Русия Алексей Аничин, муовини аввали сардори Департаменти мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризм Юрий Коков ва дигарон шомил мебошанд.