Хуҷанд. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Як зане аз Исфара дар муомилоти ғайриқонунии маводи прекурсорӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти «Морфин» дар шаҳри Исафа дар хонаи як зане 16 ампула ва 170 дона дорувории «диазепам» ва 480 дона дорувории «фенобарбетал» дарёфт шудааст, ки онҳо   тибқи маълумоти шӯъбаи ташхиси раёсат ба қатори маводи прекурсорӣ дохил мешаванд.

Нисбат ба ин далел тибқи моддаи 200. қ.1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.