Душанбе. 29-уми ваугст. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев ду афсари вазорати умури дохилии Тоҷикистонро бо медалҳои «Барои иттиҳоди размӣ» сарфароз гардонид. Полковники милиса Зафар Салимов ва майори милиса Файзиддин Маҳмадалиев барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир дар қаламрави Русия ба чунин мукофот сазовор гаштанд.

Р.Нургалиев қайд кард, ки дар таърихи 23-уми август дар қаламрави Русия афсарони номбурда узви гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз Тоҷикистонро дастгир намуда, беш аз 20 кило маводи мухаддирро мусодира карданд. Вазири умумри дохилии Русия саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир назаррас арёбӣ намуд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар навбати худ изҳор дошт, ки соли равон дар натиҷаи баргузории 23 амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон 200 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.