Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» -   Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд то ҳанӯз амалиёти ошкор сохтан ва дастгир намудани ҷинояткоронеро, ки аз силоҳи оташфишон ба сӯи кормандони милиса тир холӣ карда, онҳоро захмӣ карда буданд, идома медиҳанд. То имрӯз баъзе аз ҷузъиёти ҳодиса равшан шуд.

Манбаъ аз Раёсати умури дохилии вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки шоми 28-уми август кормандони милиса, афсарон Фирӯз Олимови 28-сола ва Ҷамшед Аҳмедови 22-сола ҳангоми назорати кӯчаҳои маркзи шаҳри Исфара дар дасти ду нафар шахсони шубҳанок сумкаи калони сиёҳеро мушоҳида мекунанд ва аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки чизҳои дар сумка бударо нишон диҳанд, вале шахсони шубҳанок аз ин амал саркашӣ мекунанд. Қарор мешавад, ки онҳо ба шӯъба бурда шаванд.

«Ҳар чаҳор нафар ба мошини милиса менишинанд ва дар роҳ яке аз онҳо аз дохили сумка силоҳи оташфишонро гирифта милисаҳоро мепарронад ва пас аз ин онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд», - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки милисаҳои ҷароҳатгирифта то ҳол дар беморхонаанд. Дар вақти азназаргузаронии ҷои ҳодиса тирҳо дарёфт шуданд ва ташхис ошкор сохт, ки тирҳо аз автомати Калашников будаанд. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.