Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ба иттиҳоми даст доштан дар сӯхтори мағозаи «Престиж»-и бозори «Корвон» савдогари яке аз нуқтаҳои фурӯшгоҳ боздошт шуд.

            Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, боздоштшуда дар ин мағоза нуқтаи фурӯш дошта, аз ҳисоби моли гирифтааш камомаду қарзи зиёде зиёде доштааст. «Бо ин амал ӯ мехостааст, худро ҷабрдидаву мусичаи бегуноҳ нишон диҳад ва ҳамин тариқ аз қарзу камомадҳо халос гардад», - изҳор дошт манбаъ. Зикр гардид, ки қабл аз бастани мағоза гумонбаршуда сигори оташдорро ба рӯи латтаи пешакӣ бо бензин таршуда мепартояд ва дар натиҷа мағоза тадриҷан оташ мегирад.

            «Зимни тафтишот боздоштшуда пурра ба гуноҳаш иқрор гардида, нисбат ба аъмоли ӯ тибқи моддаи 255-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Қасдан хароб кардан ва ё зарар расонидан ба амвол) парвандаи ҷиноӣ боз гардид», - афзуд сарчашма.