Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл зимни баргузории амалиёти вижа дар шаҳри Душанбе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди Афғонистон Абдулқодири Абдураҳимро боздошт карданд.

            Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, А.Абдураҳим бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми рондани мошини тамғаи « NISSAN - INFINITI » боздошт шуд. «Гузашта аз ин, маълум шуд, ки рақамҳои давлатии нақлиёт низ қалбакӣ буда, ҳангоми азназаргузаронӣ аз он силоҳи оташфишон бо муҳимот дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфт сарчашма.

            Манбаъ афзуд, ки нисбат ба аъмоли шаҳрванди Афғонистон аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.