Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни як амалиёти вижа кормандони раёсати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати умури дохилии кишвар дар ҳудуди бозори Шоҳмансури пойтахт ба гумони нигаҳдории миқдори зиёди маводи мухаддир сокини 23-солаи шаҳри Душанбе - Шодибек Аҳмадовро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ - Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, зимни кофтукови шахсии фарди дастгиршуда, ки дар ҳузури шоҳидон сурат гирифт, аз кифи сафарии ӯ беш аз 12 клограмм афюн ёфт ва мусодира карда шуд.

Дар ҷараёни бозпурсии аввал, Аҳмадов гуфт, ки мухаддаротро дар яке аз навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон аз як фарди барои тафтишот ҳанӯз номаълум дарёфт карда, қасд доштааст, онро дар пойтахт бифурӯшад. «Нисбати Шодибек Аҳмадов парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад», - гуфт Асадуллоев.