Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванде, ки мошини ҳамояашро сангзанӣ кардааст, боздошт намуданд.

Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳанӯз моҳи августи соли ҷорӣ сокини шаҳри Душанбе Раҷаббой Аъзамов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба хароб кардани мошинаш дар қароргоҳи автомобилҳо аз ҷониби шахси номаълум муроҷиат кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар ин кор ҳамсояи ҷабрдида Сӯхроб Қурбонови 17-сола боздошт гардид. «Санҷиш нишон дод, ки С.Қурбонов бо ин амал ба ҳамсояи худ ба маблағи ҳудуди 14 ҳазор сомонӣ хисороти моддӣ расонидааст», - гуфт сарчашма.

Зикр гардид, ки нисбат ба аъмоли боздоштшуда тибқи моддаи 255-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҷуз товони зарари расонидашуда, ҷавони 17-соларо барои сангзанӣ ба мошини «Мерседес»-и ҳамсояаш 5 соли зиндон интизор аст.