Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтори иттиҳод таъсис додани Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаоварро ба нақша гирифтанд.

            Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносони ин соҳа, ки рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Минск доир гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.

            Гуфта мешавад, дар ҷаласа намояндагони давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин намояндагони Шӯрои вазирони умури дохилӣ, Шӯрои роҳбарони сохтори амният ва хадамоти махсус, Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ ва Кумитаи иҷроияи иттиҳод ширкат варзиданд.

            Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи коршиносон лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовар дар доираи иттиҳодро таҳия намудааст ва он ҷиҳати коркарди минбаъда ба мақомоти дахлдори кишварҳои узв ирсол мегардад.