Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндаи мардумӣ, аъзои кумита оид ба корҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Аҳмедов бар ин назар аст, ки мансабдорони тоҷик бояд назди мардум дар бораи даромадҳои худ ҳисобот диҳанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки чанд рӯзе қабл дар парлумон бо иштироки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода ҷаласа доир гардида, дар он ӯ пешниҳод кардааст, ки бояд мансабдорон дар бораи даромадҳои худ эъломия пешниҳод созанд ва аксари намояндагони парлумон ин пешниҳодро пазируфтаанд. «Айни замон ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ тибқи қонунгузорӣ, бояд эъломия дар бораи даромадҳои худро таҳия намуда, моҳи апрел ба Кумитаи андоз пешниҳод созанд, вале касе ба он таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозад ва амали қонун танҳо дар коғаз боқӣ мемонад», - изҳор дошт вай.

Ба қавли Ю.Аҳмедов, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, назорати пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромади шаҳрвандонро ба зиммаи худ гирад ва гузашта аз ин, маълумот оид ба даромади мансабдорон бояд барои ҷомеа дастрас бошад. «Ба ин нукта сарвари давлат борҳо ишора намуд, вале то ҳанӯз он роҳи ҳалли худро пайдо накардааст», - афзуд Ю.Аҳмедов.