Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар қисмати шарқии шаҳри Маскав кормандони милиса барои бо корд ба шаҳрвандони Ветнам ҳамла намудан шаҳрвандони тоҷикро боздошт намуданд. Ду нафар ветнамиҳо аз зарбаи корд ҷароҳат бардошта, ба беморхона мунтақил шуданд.
Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, задухӯрд тахминан соатҳои 16-у 30 дақиқа дар бозори Черкизово ба вуқӯъ пайваста, дар он шаҳрвандони Тоҷикистону Ветнам иштирок доштаанд.
Кормандони милиса ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ду нафар гумонбаршуда – шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт карда, онҳоро ба РКД «Измайлово» мебаранд. Айни замон бо онҳо муфаттишон кор мекунанд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, задухӯрд бар асари нофаҳмиҳо дар масъалаи ҷойи фурӯш дар бозор ба амал омадааст.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста