Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Хизматчии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба дуздии рамаи гӯсфандон гунаҳкор дониста мешавад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ хабар доданд, рӯзи 7-уми май яке аз раисони хоҷагии чорводории ноҳияи Рӯдакӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки шаби 1 ба 2-юми май шахси номаълуме бо сарулибоси низомӣ ва мусаллаҳ бо автомати Калашников бо таҳдид аз рамаи гӯсфандон 4 сар чорворо бо худ бурдааст.

«Дар ҷараёни баргузории амлиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса ба гумони даст доштан дар ин кор хизматчии қисми низомии 2847-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сарбози қаторӣ Сӯҳроб Файзуллоевро боздошт намуда, нисбати аъмоли ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд», - гуфт манбаъ.