Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт сокини маҳаллӣ - Раҳматшо Шомаликови 22-сола ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси писарчаи 8 сола боздошт гардид.

            Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи 7-уми май дар ҳолати мастӣ Р.Шомаликов бо фиреб кӯдакро ба бинои ҷамоат дароварда, ба номуси ӯ таҷовуз мекунад ва сипас рагҳои хуни ӯро бурида пас аз ба ҳалокат расидани писарча, ҷисми ӯро ба халта ҷо карда, назди яке аз хонаҳо гӯр мекунад.

            Дар ҳамин ҳол, бо ҳамин ҷурм нисбат ба сокини 31-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Толибҷон Раҷабови 31-сола дар ҷинояти таҷовуз ба номуси ноболиғ гумонбар дониста мемешавад. Номбурда низ бо фиреб ноболиғро ба яке аз утоқҳои бозори ноҳия дароварда, дар он ҷо ба номуси ӯ таҷовуз мекунад. Т.Раҷабов дар ин бозор ба ҳайси посбон кор мекард.

            Аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.