Фирӯз Холмуродов, роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи Зайд Саидов мегӯяд, дар хулосаи аввали ташхиси ДНК, ки эҳтимоли падарии соҳибкорро тасдиқ мекунаду модараш ӯро ба таҷовуз ба номус айбдор кард, сохтакорӣ ҷой надорад.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ қотеъона имкони сохтакории ба ин монанд ҳуҷҷатҳоро рад намуда, дар ҳамин ҳол, изҳор дошт, худи ӯ то ҳол бевосита бо ташхиси ДНК-и «Био-Папа», ки чанд рӯз қабл аз ҷониби адвокатҳои соҳибкор ба суд пешниҳод гардид, шинос нашудааст. «Айни замон хулосаи ҳарду ташхис мавриди баррасии суд қарор дорад, ки ӯ ба он баҳои ҳуқуқӣ медиҳад», - иброз дошт муфаттиш.
Ҷониби ҳимояи соҳибкор мегӯянд, алҳол аз суд посух нарасидааст. Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор, ба наздикӣ ба суд оид ба боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати «ҷабрдида»-и аввал аз таҷовуз ба номус барои баёноти бардурӯғ дархост пешниҳод мегардад.
«Ба қавли «ҷабрдида», Саидов даст ба таҷовузи номуси ӯ зада, падари фарзандаш соҳибкор аст, аммо мутобиқи хулосаи озмоишгоҳи «Био Папа»-и шаҳри Маскав зерҳимояи мо падари кӯдаки ӯ нест. Аз ин бармеояд, ки ӯ ҳам дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва ҳам зимни мурофиаи судӣ баёноти бардурӯғ додааст», - гуфт адвокат.
Ёдрас мекунем, ки ахири даҳаи дуюми моҳи ноябр Исҳоқ Табаров яке аз вакили мудофеи Зайд Саидов дар рафти конфронси матбуотӣ гуфт, ки мутобиқи ташхиси озмоишгоҳи москвагии «БиоПапа» , зерҳимояти ӯ аслан падари фарзанди «ҷабрдидаи таҷовуз нест».
Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.
Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста