Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ декани яке аз факултетҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Ҳабибулло Салимовро зимни 5 ҳазор сомонӣ пора гирифтан боздошт намуданд.

Тавре дафтари матбуоти Агентӣ иттилоъ медиҳад, декан барои дохил намудани як сокини пойтахт ба гурӯҳи буҷетии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ аз ӯ 5 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Гуфта мешавад, декани факултет ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ дар дохили автомашинаи тамғаи «Инфинити-130» дастгир гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ҳабибулло Салимов бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳ, ӯро ҷазои аз 5 то 8 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян ё фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол интизор аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.