Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини шаҳри Конибодом Мансур Назаров бо лақаби «Боксёр»-ро боздошт намуданд, ки яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноӣ дониста шуда, солҳои 90-ум ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ (рэкет) машғул буд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ ба гумони даст доштан дар куштори соҳибкори конибодомӣ Рауф Маҷидов дар соли 1994 боздошт шудааст.

Дар ВКД зикр карданд, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта Назаров як гурӯҳи ҷиноятпешаро созмон дода, аз соҳибкорони маҳаллӣ ҳақ (доля) мегирифтааст ва афродеро, ки ҳақ намедодаанд, бераҳмона ҷазо медодааст.

«Соли 1994 бародарон Мансур ва Фарҳод Назаровҳо ҳамроҳи дӯсташон Шавкат Икромов ба назди сокини шаҳри Конибодом Рауф Маҷидов меоянд, ки ба тиҷорати орд машғул буду дар Истаравшан онро савдо мекард, - гуфтанд дар ВКД. - Онҳо аз Рауф Маҷидов ва бародараш Ваҳҳоб Маҷидов «ҳақ»-и худро аз тиҷораташон талаб карда, вақте посухи радро мешунаванд, ҳамакаса соҳибкоронро лату кӯб мекунанд, ки бар асари он Рауф Маҷидов ҳалок ва бародараш ҷароҳат мебардорад».

Зимнан зикр гардид, ки Мансур Назаров баъди 23 сол боздошт шуда, айни замон дигар иштирокчиёни ҷинояти зикршуда мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир Мансур Назаров ба ҳайси роҳбари корхонаи таъмири вагонҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар Конибодом кор мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.