Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба тафтиши иловагии парвандаи марги сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов дастур дод.
Моҳи сентябри соли 2015 ӯ барои риш мондан аз ҷониби кормандони милитсия бераҳмона мавриди лату кӯб қарор гирифта, аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расида буд.
Дар суди ноҳияи Синои пойтахт мурофиа оид ба баррасии аризаи шикоятӣ дар бораи рӯёнидани ҷуброни зарари маънавӣ барои бесамар гузаронидани тафтиши парвандаи ҷиноии марбут ба марги Умар Бобоҷонов доир гардид.
«Зимни мурофиа намояндаи Прокуратураи генералӣ изҳор дошт, ки маводи парванда дар Прокуратураи генералӣ омӯхта шуда, муайян карда шудааст, ки қарор дар бораи боздошти тафтиш аз рӯи ин парванда, ки прокуратураи Ваҳдат онро 30 декабри соли 2016 қабул кардааст, бекор ва парванда ҷиҳати тафтиши иловагӣ баргардонида мешавад», - хабар дод адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова.
Ӯ қайд кард, ки дар мурофиаи навбатии судӣ, ки рӯзи 8 декабр баргузор мешавад, нусхаи ин қарор дастрас шуда, ҳамчунин ҷониби ҷабрдида - пайвандони Умар Бобоҷонов бозпурсӣ мешаванд.
«Бо дарназардошти бекор шудани қарори пешин, тафтиши парвандаи мазкур бори сеюм барқарор мешавад», - таъкид дошт адвокат.
Баррасии аризаи шикоятӣ дар бораи рӯёнидани ҷуброни зарари маънавӣ барои бесамар гузаронидани тафтиш нахустин дар таҷрибаи судии ҷумҳурӣ аст. Даъвогар Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари ҷавони ҳалокшуда ва ҷавобгар Прокуратураи генералии Тоҷикистон мебошанд. Маблағи даъво: 350 ҳазор сомонӣ.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи августи соли маълум шуд, ки сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи Донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов дар бемористон ҳалок шудааст. Рӯзи 28 август Бобоҷонов барои ришмонӣ ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат оварда шуда буд.
Умар Бобоҷонов бо ҷароҳатҳои сершумор аз шуъбаи милиса ба шуъбаи эҳёгарии бемористони маҳаллӣ мунтақил гардид. Наздикони Бобоҷонов изҳор доштанд, ки барои ришмониаш кормандони милиса ӯро бераҳмона лату кӯб кардаанд. Аз рӯи далели лату кӯби Умар Бобоҷонов дар прокуратураи шаҳр парвнадаи ҷиноӣ боз шуд.
Бо супориши вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар робита ба ин ҳодиса тафтиши хизматӣ оғоз гардида, таҳти раҳбарии яке аз муовинони вазир гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардид.
Вазири корҳои дохилӣ ба ин гурӯҳ супориш дод, ки дар доираи тафтиши хизматӣ гунаҳкоронро муайян намуда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд ва ҳамчунин ваъда дод, ки дар бораи натиҷаҳои ин тафтиш ба ВАО маълумот хоҳад дод.
Санаи 5 сентябри соли 2015 дар робита ба марг тафтиши парванда мутобиқи моддаи 110, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки ба марг боис шуд) сурат гирифта, аз он вақт прокуратураи шаҳри Ваҳдат дар робита ба муайян нашудани шахси ҷавобгар, тафтиши онро ду маротиба боздошт.