Роҳбари ташкилоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳри Душанбе Субҳон Сафиаллоев ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ӯ дар Агентии зиддифасод бозпурсӣ шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Сафиаллоев аз телефони алоқаи ҳукуматии мансабдори давлатии баландпоя ба яке аз муассисаҳои давлатӣ занг зада, дархост намудааст, ки барои муолиҷаи як зан - ҳамсари шиноси худ кумаки молиявӣ расонида шавад.

«Муассисаи давлатӣ барои табобати зан 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, пулҳоро аз хазина (касса)-и муассиса шахсан худи Сафиаллоев гирифтааст, лекин баъдан маълум шудааст, ки чунин зани бемор умуман вуҷуд надорад», - гуфт манбаъ ва таъкид дошт, ки Сафиаллоев пули гирифтаашро баргардонидааст.

Айни замон Сафиаллоев дар озодӣ қарор дошта, лекин нисбати ӯ корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд. Ваколатҳои Сафиаллоев дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пеш аз муҳлат қатъ шудааст.

Сафиаллоев аз соли 1998 ба ташкилоти Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе роҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 2015 ӯ ҳамчун котиби аввали ташкилоти ҲКТ дар шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №20-и шаҳрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуд.

Тамос гирифтан бо Сафиаллоев ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд. Дар Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ аз шарҳи масъала худдорӣ варзиданд.