Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд сокини 24-солаи шаҳри Хуҷанд Фатҳулло Исоевро ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

 Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди вилояти Суғд, ҳамзамон раисикунандаи ин мурофиа Шарифзода Бадриддин Нуриддин хабар дод, маҳкумшуда дар заминаи рашк маъшуқаашро куштааст.

Ба гуфтаи судя, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 6 сентябри соли равон рух дода, тақрибан соати 2-и шаб Фатҳулло Исоев бо корди хоҷагӣ ба ҷисми маъшуқааш Аниса Сангинова, сокини 24-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8 зарьаи корд задааст, ки дар натиҷа ҷавонзан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.