Аз рӯи далели заҳролудшавӣ аз ҳасиб дар ноҳияи Восеъ, ки бар асари он Умаралӣ Давлатови 2-сола ҳалок шуд, дар мақомоти прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 декабр шаш тан аз аъзои як оила - модару кӯдакон, сокинони деҳаи Кадучии ҷамоати М.Вайсов аз истеъмоли ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролуд шуданд. Кӯдак дар беморхона ҳалок шуд.
«Онҳо гуфтанд, ки ҳасибро дар яке аз мағозаҳои деҳа гирифта, дар роҳ сӯи хона онро истеъмол кардаанд ва аз ҳама бештар Умаралии хурдсол онро хӯрдааст», - иброз намуд ба «Азия-Плюс» дар ин робита табиби шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳия Йигиталӣ Аскаров.
Ба гуфтаи табиб, санҷиш дар маркази санитариву эпидемиологӣ нишон додааст, ки ҳасиб дар ҶДММ «Орзу шаҳри Кӯлоб истеҳсол шуда, мутахассисон ошкор кардаанд, ки дар таркиби маҳсулот меъёри нитрат хел зиёд аст. Нитрат барои коркарди кимиёвии ҳасиб истифода мешавад.
Панҷ рӯз пеш ҳодисаи ба ин монанд бо як оилае дар Кӯлоб низ рух дода, тибқи маълумоти пешакӣ, чор тан аз аъзои як оила аз истеъмоли ҳасиб заҳролуд шудаанд. Ҳеҷ касе аз онҳо ҷиддӣ осеб надидааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз прокуратураи шаҳри Кӯлоб. Аз рӯи ин далел низ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, санҷиш ҷараён дорад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста