Назоратчии барқи корхонаи «Шабакаҳои барқ»-и шаҳри Исфара ба азхудкунӣ ва камомади маблағҳои истеъмолгарони барқ гумонбар дониста мешавад.

«Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ кормандони милитсия сокини 40-солаи шаҳри Исфара, корманди шабакаҳои барқи ин шаҳҳро боздошт намуданд, ки пулҳои аз истифодабарандагони барқ ҷамъкардаашро азхуд ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

Бино ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда соли 2017 аз 14 нафар сокинони шаҳри Исфара 14 ҳазору 993 сомонӣ маблағи истифодаи барқро ҷамъоварӣ намуда, азхуд кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.