Сокини шаҳри Ҳисор барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муҷозот шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, суди шаҳри Ҳисор сокини маҳаллӣ Баҳодур Ҷалиловро барои ин қонуншиканӣ ба маблағи 36 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст.

Гуфта мешавад, Ҷалилов бидуни иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) нимаи моҳи сентябри соли равон маблағи 4 ҳазор доллари амрикоии сокини маҳаллиро ба 35 ҳазору 220 сомонӣ иваз кардааст.

Ёдрас мекунем, ки БМТ аз 17 апрели соли ҷорӣ бо мақсади «таъмини устувории бозори дохилии асъор ва суботи қурби сомонӣ»,  фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори мутааллиқ ба шахсони воқеиро боздошт.

Акнун ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳар як амалиёти фурӯши асъори нақдро бо тартиботи махсус, ишораи ҳамаи маълумоти муайянкунандаи шахсияти харидор анҷом медиҳанд.