Суди вилояти Маскав бори нахуст дар таҷрибаи кори мақомоти суди Русия барои фурӯши маводи мухаддир айбдоршавандаро ба ҳабси якумра маҳкум кард. Тавре ВАО-и Русия хабар медиҳанд, ҳукм нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Шералӣ Табаров содир шудааст.

Нашрияи Коммерсант дар ин робита менависад, чунин ҷазоро барои Табаров айбдоркунандаи давлатӣ дархост намуда, маҳкумшуда ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.

Дигар 14 нафар ҳаммаслакони Табаров, ки низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ба муҳлати аз 6 то 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд. Онҳо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар гунаҳкор дониста шуданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РБК, аз соли 2012 то соли 2015 гурӯҳи Табров ба қочоқ ва паҳнкунии маводи нашъаовари героин дар Русия машғул буд. Героин ба миқдори то 100 килоро онҳо дар автомашинаҳои боркаш (фура) интиқол медоданд. Гурӯҳи Табаров интиқоли 600 кило героинро аз Афғонистону Тоҷикистон ба Русия ташкил карда, онро дар сабаду қуттиҳои олуча ва харбуза пинҳон карда буданд.

Соли 2003 суди вилоятиПенза Табаровро барои ҷинояти марбут ба гардиши маводи мухаддир ба 10 соли зиндон маҳкум карда буд. Бо дархости Тоҷикистон ӯ ба ватан истирдод шуда, баъди чанд сол мавриди авф қарор гирифт.

Хабаргузории Коммерсант менависад, тибқи фарзияи тафтишот, баъди озод шудан, Табаров чандин маротиба бо шиносномаи қалбакӣ ба Русия омада, роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешае шуд, ки ба интиқоли героин аз Афғонистону Тоҷикистон ба қаламрави Русия машғул буд.

Тибқи маълумоти Медуза, соли 2012 ба моддаҳои қочоқ ва фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Русия имкони содир шудани ҳукми ҳабси абад низ илова шуд.

Мувофиқи маълумоти омории Суди олии Русия, тӯли ҳафт соли охир танҳо нисбати айбдоршавандагон ба одамкушӣ ҳукми ҳабси абад содир шудааст.