Суди вилояти Хатлон сокини шаҳри Душанберо барои ташкили гурӯҳи ифротгаро (экстремистӣ) ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ҷониби ҳимоя ва наздикони маҳкумшуда ба он розӣ нестанд.

Умар Мирзоеви 26-соларо суд дар содир намудани ҷиноятҳо мувофиқи 7 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (терроризм, ташкили гурӯҳи ифротгаро, зархаридӣ (кирокунӣ), ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳи ҷиноятпеша, даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ ва ғайра) гунаҳкор эътироф намуд.

«Мо бо ин ҳукми суд розӣ набуда, аз болои он ба Суди олии ҷумҳурӣ шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ) пешниҳод кардем», - хабар дода ба «Азия-Плюс» адвокати маҳкумшуда Шералӣ Қарахонов.

Бино ба маълумоти тафтишоти пешакӣ, Умар Мирзоев ба тарҳрезии якчанд амали террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон роҳбарӣ мекардааст.

Тибқи маълумоти як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар шаҳри Толятии Русия ӯ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ гурӯҳи террористӣ созмон додааст.

«Мирзоев тариқи ҷалб бо шабакаҳои иҷтимоӣ соли 2014 ба фаъолияти ифротгароӣ шурӯъ намуда, соли 2015 ба бунёди гурӯҳи Давлати исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон оғоз мекунад ва ба чор муҳоҷире, ки ба ватан бармегаштанд, барои дар қаламрави кишварашон содир намудани амали террористӣ мукофотпулӣ ваъда мекунад, вале ин муҳоҷирон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум мешаванд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакии парванда нисбати чор нафар муҳоҷирон, ба мақомот муяссар гардид, ки номи ташкилкунанда ва фармоишгарро муайян кунад, ки ин шахс Умар Мирзоев буд. Бо дархости Тоҷикистон Мирзоев аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Адвокати Мирзоев изҳор намуд, ки дар ҷараёни тафтишоти парванда ва баррасии он дар мурофиаи судӣ зерҳимояи ӯ гуноҳашро эътироф накард.

«Чор нафар муҳоҷири қаблан маҳкумшуда, ки дар парванда нисбати Умар Мирзоев шоҳидӣ доданд, баёноти пешинаи худро рад карданд. Зерҳимояи ман низ тасдиқ намуд, ки бо онҳо дар Русия ҳамагӣ ду маротиба вохӯрдааст, вале барои содир намудани амалҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба онҳо ҳеҷ гуна дастуре надодааст. Бинобар ин, мо ҳукмро ноадолатона шуморида, бо тартиби таҷдиди назар аз болои он ба Суди олӣ шикоят бурдем», - зикр кард Қарахонов.