Сокини шаҳри Истаравшан Маҷид Бердиеви 57-сола барои қатли бераҳмонаи зани дуюмаш ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди вилояти Суғд, ҳамзамон раиси ин мурофиа Абдуҷаббори Абдуфайёз хабар дод, Бердиев қаблан ба ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шуда, 12 ноябри соли 2015 ба озодӣ мебарояд.

«Маҳкумшуда 20 октябри соли 2017 ба ҷойи кори ҳамсари пешинааш, ба бозори марказии шаҳри Истаравшан омада, барои аз ҷониби зан рад шудани ҳамзистӣ бо худаш бо корд ба ҷисми зан 19 зарба мезанад, ки дар натиҷа зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», - гуфт судя.

Ба қавли номбурда, зани марҳуми 40-сола дар ломбард кор карда, аз зиндагии якҷоя онҳо духтари 7-сола доштаанд ва замони дар маҳбас қарор доштани Бердиев аз ҳамдигар ҷудо мешаванд.

«Баъди озодӣ мард хостори дубора ҳамзистӣ бо зан мекунад, вале ӯ инро рад карда, мегӯяд, ки ба каси дигар ба шавҳар мебарояд», - илова кард судя.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.