Кормандони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи ноҳия дар интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ рейди шабона гузарониданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур, ки ба хотири пешгирии амалҳои номатлуб миёни насли наврас ва ҷавонон андешида шуд, нишон дод, ки зимни азназаргузаронии интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ, ҳолатҳои зиёди дар бевақтии шаб, дур аз хонаву наздикон ба корҳои беҳудаи зараровар машғул шудани ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин чорабинии мақсадноки шабона дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерие, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият менамоянд, як гурӯҳ ҷавонон ва 3 нафар ноболиғон, ки таътили зимистонаашонро дар чунин маконҳои барои ояндаашон зараровар мегузарониданд, боздошт ва ба шуъбаи милитсия дастрас карда шуданд.

Дар робита ба ин ҳолат бо дастгиршудагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, нисбати он волидоне, ки талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»-ро вайрон намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Зикр мегардад, ки мақомоти милитсия, аз ҷумла кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор минбаъд низ чунин чорабиниҳои пешгирикунандаро ҷиҳати таъмин намудани иҷроиши талаботи Қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи маориф» пайваста мегузаронанд.