Кормандони мақомоти гумруки Беларус интиқоли ғайриқонунии автомашинаҳои гаронбаҳои хориҷиро аз Литва ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти гумруки Беларус, чор «BMWX5»-и истеҳсоли солҳои 2014-2016, «Mercedes-BenzGLC»-и истеҳсоли соли 2017 ва «LexusGS300H»-и барориши соли 2014 бидуни эъломия тариқи гузаргоҳи гумрукии роҳи оҳани «Молодечно»-и хадамоти минтақавии гумрукии Минск мавриди интиқол қарор гирифта буданд.

Дар ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарорӣ пешниҳодшуда, дар вагони роҳи оҳан «қисмҳои эҳтиётӣ ба автомашинаҳои сабукрав» зикр шуда буданд, аммо зимни азназаргузаронии гумрукӣ муайян карда шудааст, ки дар асл дар контейнер воситаҳои нақлиёт қарор доранд.

Ҳамчунин тибқи натиҷаҳои ташхис муқаррар шудааст, ки дар чор автомашинаи тамғаи «BMWX5» рақамҳои муайянкунанда (идентификатсионӣ)-и воситаҳои нақлиёт иваз шуда, мувофиқи маълумоти Интерпол, ҳамаи шаш автомобил мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд. Аз рӯи ин далел тафтиш ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, бо қарори суди ноҳияи Октябрски шаҳри Минск ҳамаи 6 автомашина бо арзиши умумии 510 ҳазор рубли беларусӣ (наздики 260 ҳазор доллар) ба нафъи давлат мусодира шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.