Соли 2017 мақомоти прокуратураи вилояти Суғд 1882 парвандаи ҷиноӣ тафтиш кард, ки 1006-тои он ҷиҳати баррасӣ ба судҳо фиристода шудааст.

Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят 5712 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ин шумор нисбат ба соли 2016 - 209 ҳолат камтар ва сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо соли гузашта 91,75 фоизро ташкил додааст.

«Дар ин давра дар минтақаи шимоли кишвар 28 ҳодисаи куштор ба қайд гирфта шуд, ки нисбат ба соли 2016 - 8 ҳолат камтар буда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 374 ҷинояти дорои хусусияти ифротгароиро ошкор намуданд», - зикр кард прокурор.

Бино ба иттилои ӯ, доир ба масъалаҳои истифодаи замин 235 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар мавриди риояи қонуни масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон 35 нафар волидон барои монеъа эҷод кардан ба таҳсили фарзандонашон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.