Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, Рустам Сафарови 32-соларо ба гумони даст доштан дар дуздии 470 ҳазор доллари ширкати сохтмонии пойтахт дастгир карданд.

Бино ба маълумоти сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни пурсиш аз нишондоди гумонбаршаванда маълум мегардад, ки ӯ қаблан барои ба даст овардани маблағ омодагӣ дидааст.

«Сипас бо ҳар гуна ашёи оҳанини шикананда масаллаҳ гардида, тақрибан соати 3-30 дақиқаи шаби 16-уми декабри соли 2017 бо шикастани тиреза вориди ҳуҷраи кории ширкати сохтмонӣ гардида, дар ҷустуҷӯ ва кофтукови маблағҳои пулӣ мешавад, - омадааст дар маълумот. - Баъд аз ёфтани сандуқи оҳанин ба воситаҳои оҳанине, ки бо мақсади шикастани он бо худ оварда буд, сандуқро шикаста, аз дохилаш 470-ҳазор доллари ИМА, 10-ҳазор сомонӣ ва 1-ададӣ соату ангуштарини мардонаи тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад».

1/5

Гуфта мешавад, сипас гумонбаршаванда бо пинҳон кардани маблағҳои калони бо роҳи ҷиноят бадастомада дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг паноҳ бурдааст.

Қайд мешавад, ки дар натиҷаи амалинамоии чорабиниҳо бо роҳу усулҳои оперативӣ парда аз рӯи ҷиноят кушода, 330-ҳазор доллари амрикоии дуздидашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира гардида,  ҳамчунин зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардидааст, ки боздоштшуда Сафаров Рустам дар содир намудани зиёда аз 12-лаҳзаи дигари ҷиноятҳои дуздӣ гумонбар дониста мешавад. 

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол нисбатаи гумонбаршаванда Сафаров Рустам Абдулвоҳидович бо моддаи 244 қисми 4 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.